Хабарҳо
19.04.2011
Ҳелветас ба таври расмӣ Шабакаи рушди деҳот-ро ифтитоҳ мекунад
Душанбе, 19 апрели соли 2011 – Имрӯз байни Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди деҳот» ва 10 маркази ёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ташкил намудани Шабакаи рушди деҳот, ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Шабакаи рушди деҳот – шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки дар се минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ фаъолият мекунанд.
Мақсади Шабакаи рушди деҳот мустаҳкам намудани иқтидори ин 10 маркази ёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо деҳкононро бо хизматрасонии самарабахши ҳуқуқӣ таъмин менамоянд. Ин марказҳо аллакай ба аҳолӣ хизматрасонии хуб расонида истодаанд, новобаста аз ин, мақсади лоиҳаи мазкур аз якдигар омӯхтан ва то ба сатҳи аъло расидан мебошад. Даҳ аъзои шабака ташкилотҳои ҷамъиятии «Арбитраж», «Инис», «Мададгор», «Маркази ҳимоя ва ҳамкорӣ», «Умедбахш», «Пайванди шаҳрвандӣ», «Зан ва ҷомеъа», «Илҳом», «Бонувони фардо» ва « Шаҳноза» ба шумор мераванд.
Шабака дар доираи лоиҳаи Шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ дар деҳот (ШМЁҲД) созмон дода шудааст, ки аз тарафи Раёсати швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ шуда аз тарафи Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Ҳелветас дар ҳамкории зич бо ташкилоти ҷамъиятии «Рушди деҳот» амали шуда истодааст.
«Ҳарчанд ислоҳоти замин дар Тоҷикистон соли 1992 оғоз шуда бошад ҳам, як қатор мушкилоти ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, ки дар назди деҳконон то ҳол ҳалли худро наёфтаанд, ба монанди: озодии интихоби зироате, ки онҳо кишт мекунанд, тақсимоти сертификатҳо оиди ҳуқуқи истифодабарӣ, сӯистеъмол кардан аз меҳнати занҳо дар хоҷагиҳо, мавҷуд набудани системаи самарабахши идоракунӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, норасоии статуси муайяни хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун шахси ҳуқукӣ», - гуфт Дорин ванн дер Кюр, Роҳбари лоиҳаи ШМЁҲД. «Бисёр деҳқонони тоҷик бо ин масъалаҳо ҳар рӯз рӯ ба рӯ ҳастанд».
Шабакаи «Рушди деҳот» мақсад дорад, ки сифат ва дастрасии ёрии ҳуқуқиро ба аҳолии деҳот, ба хусус ба деҳқонон беҳтар намояд ва инчунин сатҳи маълумотнокии роҳбарони маҳаллӣ ва органҳои судиро оиди ҳуқуқҳои деҳқонон дар рафти гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ баланд бардорад. Якҷоя бо Ҳелветас, кормандони лоиҳа ба таври устувор, бо истифода аз васоити ахбори омма, аҳолиро дар бораи фаъолияти аъзоёни шабака бохабар месозанд.
Барои аъзо шудан ба Шабакаи марказҳои ёрии ҳуқуқӣ 30 ташкилоти ҷамъиятӣ дархост пешниҳод намуданд, аммо танҳо 10 маркази ёрии ҳуқукӣ дар асоси пешниёзҳои муайяншуда интихоб карда шуд. Ҳамаи 10 ташкилоти интихобгардида ба як зумра талабот оид ба созмонёби ва рушди устувор ҷавобгӯ буданд, ки дар оянда низ ин маҳорати марказҳо тариқи гузаронидани омузишҳо барои онҳо дар бораи қонунгузорӣ оид ба замин, кӯмак намудан ба рушди ташкилот ва ворид кардани дигаргуниҳо ба қонун барои ҳал намудани масъалаҳо оид ба замин, баланд бардошта мешаванд.
Даври навбатӣ, барои аъзо гаштан ба Шабакаи рушди деҳот, тирамоҳи ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, дар тамос шавед бо:
Mуҳаббат Якубова, Мушовир оиди равобит бо ҷомеъа ва ҳисобгузорӣ
Teл: +992 (985) 63 91 37
Почтаи электронӣ: muhabbat.yakubova@helvetas.org
Хабарҳои охирин
18.04.2012
26.03.2012
19.03.2012
Ҷустуҷӯ
Донорҳо