Ин рӯз, 16 ноябри соли 2011, Ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба Ҳамкори ва Рушд, Ҳелветас ба таври расмӣ ҲЕЛВЕТАС Ассотсиатсияи «ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен» Филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшэн яке аз ташкилотҳои бузургтарин оид ба рушд дар Швейтсария мебошад. Он 1 июли соли 2011 дар натиҵаи ба ҳам омадани ду ташкилот ба дунё омадааст: Ҳелветас (соли 1955 таъсис шуда) ва Интеркооперейшн (соли 1982 таъсис шуда). ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшэн, ҳамчун ассотсиатсияи аз ҵиҳати сиёсӣ ва динӣ озод, зиёда аз 100 аъзо ва маблағгузорон, ҳамчунин 12 гурӯҳҳои ихтиёрони минтақавӣ дастгирӣ менамояд. Бештар аз 1200 кормандони маҳаллӣ ва 60 кормандони байналмилалӣ (асосан швейтсарӣ) дар 30 мамлакат-шарикҳо дар Африқо, Амрикои лотинӣ ва Аврупои шарқӣ кор ва фаъолият мебаранд. Ба таври умумӣ 130 нафар дар дафтарҳои Берн ва Сюрих, ҳамчунин филиалҳои Лазанна ва Балерна кор мекунанд. Онҳо барои ҳамоҳангсозии рушди лиоҳаҳо, пешкаши хизматҳои машваратӣ ба ташкилоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳамчунин баланд бардоштани воқифият оид ба масоиле, ки мардуми мамлакалҳои рӯ ба тараққӣ рӯ ба рӯ мешаванд, кор ва фаъолият мебаранд.